Намояндагони  НАТО ба Қазоқистон меоянд

250
0

 Хабаргузории “ҚазТАГ” маълум кард, ки ҳайате иборат аз вакилони НАТО дар нимаи авали соли ҷорӣ  ба Остона   ташриф меоваранд. Сафири Қазоқистон  дар Эстония Яан  Рейнхолд гуфт:-« Мо нақша дорем, ки дар нимаи аввали соли  ҷорӣ  дар Остона  намояндагони НАТО-ро бипазирем. Инчунин дар нимаи  дуввуми сол бошад тадбири оммавӣ гузаронданӣ ҳастем».

Рейнхолд гуфтаҳояшро бо чунин  алфоз тақвият дод:- « Мутмаъинам, ки вохӯриҳои  оянда  мулоқотҳое хоҳанд шуд, ки  ба асоси боварии дутарафа барпо шудааст. Давлати Қазоқистон  яке аз ҳамкорони фаоли НАТО дар Осиёи Марказӣ  ба шумор меравад, ки дар роҳи  барқарории амният  ва сулҳу субот заҳматашро дареғ намедорад. Ҳамкориҳои минбаъдаи  байни НАТО  ва Қазоқистон дар доираи дастури « Ҳамкорӣ  баҳри сулҳу осоиштагӣ» ҷорӣ карда мешавад. Дар ин ҷо сухан дар бораи  тақвият  бахшидани неруҳои ҳифзи амният  ва мубодилаи таҷриба меравад. Пас аз воқеаҳои  охири Украина , дунё  то ба дараҷаи эҳсоскунанда  тағйир  ёфт. Мо кӯшиш мекунем, ки ба ҳамкоронамон кӣ ва чӣ будани НАТО ва  аҳамияти он, натиҷаи самарбахши ҳакмориҳоямонро ба таври возеҳу рашван фаҳмонда  диҳем. Зеро фаолияти НАТО фақат бар асоси ҳамкориҳои ҳарбӣ  пойдор нашудааст. Мо айнан ба ҳамин нуқтаҳо мехоҳем  равшанӣ бахшем. Воситаи беҳтарини  шинос кардани ҷамъият  бо мақсад ва вазифаҳои НАТО ин дипломатия мебошад».

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here